ид

ид
[عيد]
а
1. ҷашн, рӯзи ҷашн, рӯзи хурсандӣ ва тантана ба муносибати ягон ҳодисаи мубораки таърихӣ ё миллӣ
2. умуман шодӣ ва хурсандӣ; иди Истиқлол ҷашне, ки ба муносибати соҳибихтиёр эълон шудани кишвар гирифта мешавад; иди Зафар ниг. иди Ғалаба; иди Май ҷашни якуми май; иди Наврӯз иди миллии соли нави тоҷикон ва дигар халқҳои эронинажод, ки мутобиқи соли шамсӣ дар аввали фарвардин ҷашн гирифта мешавад; иди Рамазон идест, ки мусулмонон ба муносибати тамом шудани рӯзагирии сирӯзаи моҳи рамазон дар рӯзи якуми моҳи шавволи соли ҳиҷрии қамарӣ баргузор мекунанд, иди Сиём, иди Фитр; иди саиди фитр ниг. иди Рамазон; иди Соли Нав иди соли нави милодӣ, ки ҳамасола дар оғози соли нави милодӣ – якуми январ баргузор мегардад; иди Ғалаба 9-уми май, ки рӯзи ғалаба бар Олмони фашистӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст; иди Қурбон а) рӯзи даҳуми моҳи зилҳиҷҷаи ҳиҷрии қамарӣ, ки мувофиқи маросими исломӣ ҳоҷиён дар Макка гӯсфанд ва ё шутур қурбонӣ мекунанд, иди Азҳо; б) иди динии мусулмонон, ки ҳар сол дар ин рӯз қайд мекунанд

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужна курсовая?
Синонимы:


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»